Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор – 2013»
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор – 2013» баргузор гардид. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар ҷаласа масоили вусъат бахшидани назорати ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин дурнамои фаъолияти минбаъда тасдиқ гардид. Бо мақсади ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар дар қатораҳое, ки ба самти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ҳаракат мекунанд, пешниҳод шуд, ки дар байни кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мунтазам чорабиниҳои тавзеҳотӣ анҷом дода шаванд. Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарор дода шуд, ки ҷамъомади навбатии ситод моҳи августи соли равон доир намуда, дар он ҷараёни иҷрои корҳо аз рӯи қарорҳои қабулшуда баррасӣ шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






