22 парчам дар 22 қуллаи ВМКБ дар доираи аксияи “Насли созанда”

Май 2, 2013 11:24

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Марҳилаи навбатии Аксияи «Насли созанда», ки муддати як моҳ аст дар тамоми манотиқи кишвар бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳандозӣ гардида истодааст, аз 4 то 12 майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад.Дар доираи чорабиниҳои аксияи «Насли созанда» баргузории чорабиниҳои мухталиф дар тамоми навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумла, муаррифии Хона – музеи Ҳунарманди мардумиии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар ноҳияи Рӯшон, маҳфилҳои адабии шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар дар ноҳияи Шуғнон, Мӯъмин Каноат дар ноҳияи Дарвоз, Пайшанбе Шоҳзода дар ноҳияи Ванҷ, мизи муддавар дар мавзӯи «Обҳои шифобахши Тоҷикистон» дар ноҳияи Ишкошим бо иштироки олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барафрохтани 22 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22 қулла бахшида ба 22 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намошгоҳҳои ҳунарҳои бадеӣ ва ихтирооти ҷавонон, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои калони оммавӣ-фарҳангӣ ва Фестивали мусиқии таҳти унвони «Даргилик» дар шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд. Дар доираи аксия инчунин аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мулоқот бо ҷавонон ва фаъолони ҳизб оид ба муҳокимаи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ мегардад. Дар ин бора Адҳам Мирсаидов роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ дод.Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз аксияи мазкур дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе доир гардида буданд.

Май 2, 2013 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш