Абармарди соҳаи маорифи кишвар даргузашт

Май 2, 2013 16:37

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати маорифи кишвар бо андуҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки яке аз маорифчиёни шинохта, арбоби давлатӣ ва ҳомии илму маърифат, Корманди шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон Сатторов Абдуҷаббор Сатторович аз олам чашм пӯшид.   Абдуҷаббор Сатторов пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Фархор ба фаъолият шуруъ намуда, баъдан то ба вазифаҳои масъули муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон расидааст. Марҳум Абдуҷаббор Сатторов ба замми иҷрои вазифаҳои баланди давлатӣ, инчунин ба кори илмӣ низ машғул шуда, аз худ 10 монография, 3 китоби дарсӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ боқӣ гузоштааст. 

Май 2, 2013 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш