Абдуфаттоҳ Шарифзода: «Аз бозгашти Бозор Собир набояд ҳангомаҷӯӣ кунем»
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Абдуфаттоҳ Шарифзода, Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон бозгашти Бозор Собирро ба Тоҷикистон идомаи иқдомоти Президент дар самти баргардонидани муҳоҷирон хонд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд. Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шарҳи сиёсӣ гирифтани бозгашти Бозор Собир ба Ватан аз ҷониби баъзе расонаҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «Ман худам шоҳид ҳастам, ки зарфи қариб 10 соли охир Сарвари давлат кӯшиш карданд, ки Бозор Собир ба Ватан баргардад. Аснои сафар ба СММ низ аз ҷониби Сарвари давлат супориш шуда буд, ки Бозор Собирро пайдо намоянд, то бо ӯ дар мавзӯи бозгашташ ба Ватан аз наздик мулоқот намоянд». А. Шарифзода илова намуд, ки: «Аз бозгашти Бозор Собир бояд хурсандӣ кунем, на ин ки онро ба ҷабҳаҳои сиёсӣ бипайвандем». «Асосаш ҳамин, ки Президент ғамхори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳастанд ва далели ин бо даъвати Сарвари давлат ба Ватан баргаштани боз як тоҷик аст, ки барояш тамоми шароити маишиву эҷодӣ таъмин гардид»- иброз дошт Абдуфаттоҳ Шарифзода.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






