«Абрешим» солона 200000 либоси мактабӣ истеҳсол мекунад
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизоти нав аз корхонаи «Текстил — сити» ва «Нассоҷи Хуҷанд»- и ҶСК «Абрешим» дидан кард. Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят Қоҳир корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, дар он 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва дар сурати анҷоми насби таҷҳизоти муосир сар аз моҳи июн боз 1100 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Раиси вилоят ҳамчунин аз коргоҳи либосдӯзии шаҳраки саноатии ҶСК «Абрешим» боздид ба амал овардааст ва гуфта мешавад дар ин коргоҳи либосдӯзӣ либосҳои мактабиву ҳарбӣ ва либосҳои маъмулӣ аз матои омодакардаи корхонаҳои “Текстил сити” ва “Нассоҷи Хуҷанд” бо сифати баланд истеҳсол мешаванд. Манбаъ афзудааст, ки миқдори солонаи истеҳсоли либос дар ин корхона 200 ҳазор дона буда, он ба бозори дохилӣ бароварда мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






