Ахбори муҳимтарини рӯз

Май 2, 2013 16:08

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).-Барак Обама, Президенти ИМА имрӯз ба Мексика сафар карда, бо ҳамтои мексикоии худ Энрике Пеней Нето мулоқот мекунад. Мақсади сафарашро Обама баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ унвон кардааст.  — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Дастаи «Барселона» дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии «Лигаи чемпионҳо» низ аз дастаи «Бавария»- и Олмон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Акнун дар бозии ниҳоии ин мусобиқа ду дастаи олмонӣ—«Бавария» ва «Боруссия» вориди сабқат мешаванд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Як муассисаи хайриявӣ, ки масоили кӯдаконро баррасӣ мекунад, гуфтааст, ки Ироқ бадтарин кишвар барои зиндагии кӯдакон аст.— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ҳафтаи оянда ба Маскав меояд ва бо намояндаҳои воломақоми рус масоили Сурия, Ирон ва нишасти G8 –ро баррасӣ мекунад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Вазири корҳои хориҷии Арманистон гуфтааст, кишвараш дар Шветсия сафоратхонаи худро ифтитоҳ мекунад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — ———————— Дирӯз киштии ҷангии Русия— «Азов» вориди бандари Ҳайфии Исроил шудааст. Бархе коршиносон инро ба номуътадил шудани вазъ дар Сурия нисбат медиҳанд.Тарҷумаи Б. Муродов

Май 2, 2013 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш