Баррасии мушкилоти забони русӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ташаббуси факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 14-уми майи соли ҷорӣ конфронсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти омӯзиши забони русӣ дар шароити низоми кредитӣ» доир гардид, ки дар он меҳмонон аз дигар макотиби олии мамлакат ширкат варзиданд. Тибқи барнома дар конфронс маърӯзаҳои сершумор, аз ҷумла, «Ташаккул ёфтани асосҳои омӯзиши ду забон-тоҷикӣ ва русӣ», «Омӯзиши дурусти забони русӣ дар дарсҳои амалӣ бо донишҷӯёни туркман» ва «Омӯзиши методҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд. Зикр шуд, ки барои омӯзиши забони русӣ фақат назария кофӣ нест, чунки усулҳои нави омӯзиш бояд ба кор бурда шаванд. Иртибот байни фарҳанг ва омӯзиши фарҳангҳо бояд дар амал татбиқ гардад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки роҳандозии услуби дурусти назария ва амалияи омўзиши забони русӣ ва ҳамчунин истифодаи инноватсияи педагогӣ аз ҷумлаи мушкилоти бузург дар ин самт ба шумор меравад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






