Баррасии Паёми Президент аз ҷониби занон

Май 22, 2013 11:53

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии мубоҳисавию сиёсии занони назди Кумитаи иҷроияи ин ҳизб дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он бонувони фаъол Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.  Дар ин бора сомонаи расмии ҲХДТ иттилоъ дода, афзудааст, ки дар маҳфил мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Ҳамро Атаева ва раиси кумиҷроияи ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат ва дар суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки бонувони кишвар бояд бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ дар иҷрои вазифаҳои пешгузошта, нақшаву ниятҳои неки давлату Ҳукумати кишвар саҳми арзандаву шоистаи худро гузоранд.

Май 22, 2013 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш