БИР сармояи оинномавиашро то ба 150 миллард доллари ИМА афзун кард

Май 23, 2013 10:22

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).= Шӯрои мудирони Гуруҳи Бонки Исломии Рушд дар доираи Вохўрии 38-уми худ дар шаҳри Душанбе дар бораи се баробар, яъне аз ҳаҷми қаблии 30 миллиард динор то ба ҳаҷми 100 миллиард динори исломӣ (тахминан 150 миллиард доллари ИМА) афзун кардани сармояи оинномавии Бонки Исломии Рушд қарор қабул кард. Ин нишондоди мустаҳкамии тавозуни бонк чораи муфид ба талаботи афзояндаи 56 кишвари аъзо ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодӣ мутобиқ намудани он мебошад. Шӯрои мудирони Гуруҳи Бонки Исломии Рушд инчунин сармояи бонкро ҷиҳати афзун кардани саҳмия аз 18 миллиард динори исломӣ то ба 50 миллиард динори исломӣ қабул кард.Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии солонаи худ дар шаҳри Душанбе Бонки Исломии Рушд инчунин эълон кард, ки ба бозори қоғазҳои қимматнок суқуқ ё ки қоғазҳои қимматноки ба принсипҳои шариат мувофиқро ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА пешниҳод мекунад. Пешниҳоди панҷсолина аз ҷониби ҳар се оҷонсии асосӣ оид ба баҳогузории қоғазҳои қимматнок (Standard and Poor’s, Moddy’s ва Fitch) бо баҳои сегонаи А арзёбӣ шуда, ба таври дахлдор дар Биржаи Лондон ва Бурсаи Малайзия ҷой карда мешаванд.Дастаи қоғазҳои қимматнок ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҳангоме пешниҳод мешавад, ки талабот ба қоғазҳои қимматноки сифаташ баландтарин ва дорои даромаднокии муайян баланд буда, пешниҳодкунии чунин қоғазҳои қимматнок кам аст. Сабаби чунин вазъият, аз ҷумла дар он аст, ки як қатор ҳукуматҳо ба наздикӣ мавқеи сегонаи А-и худро аз даст додаанд. Инчунин талаботи афзоянда ба сармоягузории исломӣ мавҷуд мебошад.“Принсипи бонкдории исломӣ аз санҷиши вақт гузашт, — гуфт Президени Гуруҳи Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ. — Таваҷҷуҳи мо ба сармояи ширкатӣ, бо ҳам дидани хатар ва ҳамкорӣ ба системаи молиявӣ таҳким бахшида, ба мо имкон медиҳад, ки мардумони мо аз вартаи камбизоатӣ бароварда шаванд”.Бонк аз ҷониби Кумитаи Базел оид ба назорати бонкдорӣ ва Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун Бонки бисёрҷонибаи рушди дорои хатари сифр баҳогузорӣ шудааст.Маврид ба ёдоварист, ки Арабистони Саудӣ бо ҳиссаи 23,6% саҳми аз ҳама калони соҳибии бонкро дорад. Сардафтари бонк дар шаҳри Ҷидда ҷойгир буда, саҳмдорони калони дигар — Ливия бо 9,5%, Эрон бо 8,3%, Нигерия бо 7,7% ва Аморати Муттаҳидаи Араб бо 7,5% мебошанд. Чор саҳмдорони калони дигар Қатар (7,2%), Мисри Араб (7,1%), Туркия (6,5%) ва Қувайт (5,5%) мебошанд.Бонки Исломии Рушд маблағгузории лоиҳаҳоро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои камтараққикарда, ки қисмати узвияти онро ташкил медиҳанд, амалӣ мекунад.Бо вуҷуди он, ки лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва таъминоти об ва беҳдошт 60 фоизи портфели Бонкро ташкил медиҳанд, бонк ба наздикӣ омодагии худро оид ба маблағгузории соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ густариш дод. Бонки Исломии Рушд инчунин 250 миллион доллари ИМА-ро ба барномаи «Дастгирии шуғли ҷавонон дар панҷ кишвари аъзои худ: Тунис, Мисри Араб, Йаман, Ливия ва Баҳрайн сармоягузорӣ карда истодааст.Соли гузашта Бонки Исломии Рушд дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Бил ва Мелинда Гейтс 227 миллион доллари ИМА-ро барои решакан кардани полиолиемит дар Покистон ҷудо намуд. Хазина ҳамаи хароҷоти иловагӣ ва баландшавии нархро пешакӣ пардохт кард, Покистон аз маблағгузории имтиёзнок баҳраманд гардид. “Тандурустӣ ва кишоварзӣ пояҳои асосии аз вартаи камбизоатӣ баровардани мардум мебошад, — гуфт ҳамраиси Хазина Бил Гейтс ҳангоми навори видеоие, ки дар вохӯрии Душанбе пахш карда шуд ва бо ишора ба “дурандешии” бонк илова намуд — Бо шарафи кушодадастии шумо мо ҳаёти бисёр одамонро дар мамлакатҳои исломӣ наҷот медиҳем”.Бонк ҳамкорони навро барои такрор намудани маблағгузорӣ таҳти унвони “бурди сегона” ҷалб карда истодааст ва умедвор аст, ки ҳаҷми сармояи мавҷударо барои лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, ғизогирӣ, маориф, энергетика, инфрасохтор ва иқлим зиёд гардонад.Новобаста аз афзоиши сармояи низомномавӣ ва пешниҳоди нави суқуқ, бонк изҳор кард, ки тавозуни консервативии худро нигоҳ медорад. Дар вохӯрии солона Шӯрои мудирон аз кишварҳои аъзои худ дархост кард, ки уҳдадориҳои худро оид ба сармоягузорӣ намудани 5,4 миллиард доллари ИМА ба сармояи нави бонк иҷро намоянд. Бонк инчунин нияти худро оид ба давра ба давра ворид кардани суқуқ ба бозор ва пешбурди он эълон кард.Дар назар аст, ки таносуби қарз ба сармояи ширкатӣ тадриҷан аз нишондоди кунунии хеле консерватии 62% то ба нишондоди ҳанӯз консервативии 100% баланд мешавад. Дигар бонкҳои рушд аз ин хеле зиёд қарзро истифода мебаранд ва қарзҳои онҳо аз ду то се баробари сармояи ширкатии онҳо мебошанд.Менеҷерони муштараки пешбари қоғазҳои қимматноки суқуқи нав Barwa Bank, BNP Paribas, CIMB, HSBC, NCB Capital ва Standard Chartered Bank мебошанд ва пешниҳоди мазкур бо қонунгузории англисӣ идора мешавад.“Ин афзоиши сармоя ба бонк имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои бештар ва калонтарро дар кишварҳои аъзо маблағгузорӣ намояд, — изҳор намуд Давлаталӣ Саидов, раиси Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд ҳангоми 38-умин Вохӯрии ҳарсолина, ки афзоиши сармояро тасдиқ намуд.Ин боварии кишварони моро ба роҳбарияти бонк ва иқтидори бузурги сармоягузорӣ дар ҷомеаи исломии ҷаҳонро мусбат инъикос мекунад.

Май 23, 2013 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад