Боз як фаввораи мусиқиафзо дар пойтахт
Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фаввораи Майдони 800-солагии Маскав, ки дар пешорӯйи бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ воқест, таъмиру таҷдид гардида, намои замонавӣ мегирад. Маҳмадӣ Саъдуллоев –сардори шуъбаи назорати техникӣ оид ба сохтмони иншооти соҳаи манзил ва дигар сохтмони Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки корҳои таъмиру таҷдид дар ин иншоот муддати чор моҳ идома ёфта, интизор меравад то моҳи сентябри соли равон ба анҷом расад. Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе фармоишгар ва ҶДММ «Евро-стандарт-строй» паймонкори лоиҳаи мазкур буда, алҳол корҳои таъмиру таҷдид дар он ҷараён доранд. Баъди таҷдиди фавора он ба худ намои муосир касб намуда, об таҳти навои мусиқӣ фаввора мезанад. Ҳамзамон баъди анҷоми корҳои таъмиру таҷдид дар ин иншоот дигар дар атрофи фаввора нуқтаҳои фурӯши таомҳои гуногуну нӯшокиҳо, ки қаблан фаъолият дошт, аз байн бурда мешаванд. Ин мавзеи зебои як гӯшаи Душанбе танҳо барои сайругашт ва тафреҳи сокинону меҳмони пойтахт пешбинӣ мешавад. Мавриди зикр аст, ки фаввораи назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 66 сол муқаддам, аниқтараш соли 1947сохта шудааст. Худи лоиҳаи сохтмони бинои театри мазкур охири солҳоли 30-юм аз ҷониби меъморон Н. Билибин, В.Д.Голли ва А.А Юнгер таҳия гардида, сохтмонаш соли 1939 оғоз ёфтааст. Сохтмони ин бино дар замони барои собиқ мардумони Иттиҳоди Шуравӣ мушкил, яъне солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома ёфта, дар соли 1946 ба анҷом расидааст. Бинои мазкур иншооти муҳташами санъати меъмории Тоҷикистон маҳсуб мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






