Боз як салоҳият ба Прокурори генералӣ вогузор шуд
Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба қисми 11-и моддаи 31-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот минбаъд парвандаи ҷиноятиро нисбат ба кормандони мақомоти Агентӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти корупсионӣ дошта ва ҷиноятҳои марбут ба андозро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз менамоянд. Қаблан ин масъулиятро суд ба уҳда дошт. Миллопар Бандишоев-муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилон шарҳ медод гуфт: ин тадбир бо мақсади ба миён наомадани низоъҳо ва бартараф намудани бархӯрди манфиатҳои идоравӣ, инчунин дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар андешида шудааст. Шерхон Салимзода –Прокурори генералии ҷумҳурӣ, ки қаблан роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ба уҳда дошт, доир ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи ин қонун ҷиҳати пешгирии содиркунии амалҳои сӯйистеъмолии мансаб ва дигар омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мусоидат менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007 таҳия ва қабул гардида, он фаъолияти ин мақомотро дар кишвар ба танзим медарорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






