Бозор Собир: «Дар бари Президент будан беҳтар аст»
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Баҳманёр Муродов).- Ҳанӯз зимни нахустин суханронии худ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «То он даме, ки як нафар тоҷик дар мулки бегона номи «гуреза»-ро дорад, ин маро ҳамчун Роҳбари давлат ором гузошта наметавонад». Шоми имрӯз бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки дар пайи ҳаводиси маълуми ибтидои солҳои 1990-ум ба Амрико ҳиҷрат карда буд, ба Ватан баргашт. Бозор Собирро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, аҳли илму адаб ва намояндагони васоити ахбори омма гарму самимӣ истиқбол намуданд. Бозор Собир дар мавриди бозгашташ ба Ватан дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Ман ду ё се бор пеш аз ин ҳам ба Тоҷикистон омада будам, аммо бе ҳеҷ таклиф, ихтиёран. Аммо ин навбат ман бо даъвати муҳтарам Президент омадам ва аз ин даъват беҳад миннатдорам. Ниҳоят Президент ба масъалаи ман ҳам расиданд, дар ҳоле, ки кори ман чандон арзиш надорад ва ба ин иқдом даст задани Президент камоли мардонагист. Ман пеш аз ин ҳам бисёр фикр карда будам, ки дар вазъияти кунунӣ дар бари Президент будани зиёиён беҳтар аст, зеро ин вазъиятест пур аз гуруҳу аҳзоби нодаркор. Ман аз матбуоту саҳифаҳои интернетӣ мушоҳида мекунам, ки аксари онҳо зараровар ҳам ҳастанд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳар кас, ки худро зиёӣ мешуморад, дар паҳлӯи Президент буданаш беҳтар аст.»Дар идомаи суҳбаташ Бозор Собир бо ёдоварӣ аз пешрафту шукуфоии чанд соли ахири кишвар гуфт, ҳамаи ин дастовардҳо далели интихоби роҳи дурусти Тоҷикистон ба сӯи тараққиёт аст ва ман ҳам ба қадри имкон дар эъмори ҷомеаи мутамаддин бо нӯги қалам мусоидат хоҳам кард. Бозор Собир , муаллифи китобҳои «Офтобниҳол» «Чашми сафедор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан» , «Хуни қалам» ва чандин китоби дигар буда, аз маъруфтарин шоирони тоҷик маҳсуб меёбад ва соли 1988-ум Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакиро низ соҳиб шуда буд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






