Бозор Собир: «Дар бари Президент будан беҳтар аст»

Май 27, 2013 20:57

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Баҳманёр Муродов).- Ҳанӯз зимни нахустин суханронии худ дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «То он даме, ки як нафар тоҷик дар мулки бегона номи «гуреза»-ро дорад, ин маро ҳамчун Роҳбари давлат ором гузошта наметавонад». Шоми имрӯз бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки дар пайи ҳаводиси маълуми ибтидои солҳои 1990-ум ба Амрико ҳиҷрат карда буд, ба Ватан баргашт. Бозор Собирро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, муовини вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, аҳли илму адаб ва намояндагони васоити ахбори омма гарму самимӣ истиқбол намуданд. Бозор Собир дар мавриди бозгашташ ба Ватан дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Ман ду ё се бор пеш аз ин ҳам ба Тоҷикистон омада будам, аммо бе ҳеҷ таклиф, ихтиёран. Аммо ин навбат ман бо даъвати муҳтарам Президент омадам ва аз ин даъват беҳад миннатдорам. Ниҳоят Президент ба масъалаи ман ҳам расиданд, дар ҳоле, ки кори ман чандон арзиш надорад ва ба ин иқдом даст задани Президент камоли мардонагист. Ман пеш аз ин ҳам бисёр фикр карда будам, ки дар вазъияти кунунӣ дар бари Президент будани зиёиён беҳтар аст, зеро ин вазъиятест пур аз гуруҳу аҳзоби нодаркор. Ман аз матбуоту саҳифаҳои интернетӣ мушоҳида мекунам, ки аксари онҳо зараровар ҳам ҳастанд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳар кас, ки худро зиёӣ мешуморад, дар паҳлӯи Президент буданаш беҳтар аст.»Дар идомаи суҳбаташ Бозор Собир бо ёдоварӣ аз пешрафту шукуфоии чанд соли ахири кишвар гуфт, ҳамаи ин дастовардҳо далели интихоби роҳи дурусти Тоҷикистон ба сӯи тараққиёт аст ва ман ҳам ба қадри имкон дар эъмори ҷомеаи мутамаддин бо нӯги қалам мусоидат хоҳам кард.  Бозор Собир , муаллифи китобҳои «Офтобниҳол» «Чашми сафедор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан» , «Хуни қалам» ва чандин китоби дигар буда, аз маъруфтарин шоирони тоҷик маҳсуб меёбад ва соли 1988-ум Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакиро низ соҳиб шуда буд.

Май 27, 2013 20:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд