Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сарвазири Италия дар ҳузури Президент савганд ёд кардДушанбе, 3 май .(АМИТ «Ховар»).-Палатаи вакилони Парлумони Италия ба ҳукумати нав бо роҳбарии Энрико Леттаи 46-сола изҳори эътимод намуд. Ба ҷонибдории девони вазирон 453 нафар вакил овоз дод. Аксари вакилоне, ки ҳукумати навро ҷонибдорӣ кардаанд, намояндагони ҳизбҳои демократӣ, «Мардуми озод» ва «Интихоби шаҳрвандӣ» ба ҳисоб мераванд. Дар ҳамин ҳол 153 нафар зидди девони нави вазирон баромад намуданд. Ҳамакнун рўзи сешанбеи ҳафтаи оянда раъйдиҳӣ ба ҳайати нави ҳукумат бояд дар Сенати кишвар баргузор шавад. Якшанбеи ҳафтаи гузашта бошад вазирон ва сарвазири тозаинтихоб дар ҳузури президенти Италия Ҷорҷо Наполитано савганд ёд карданд. Ҳолати таваррум дар Олмон Душанбе, 3 май .(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки расонаи хабарии «Hamshahri.com» менависад, Бюрои федеролии омори Олмон маълумоти пешакии сатҳи таваррумро дар кишвар барои моҳи апрел интишор дод. Ҳамин тариқ, моҳи сипаришуда сатҳи таваррум 1,2 дарсадро ташкил додааст, ки ин 0,2 дарсад аз сатҳи арзиши маҳсулоти истеъмолии шаҳрвандон дар моҳи қаблӣ камтар аст. Расонаҳои хабарии дохили кишвар мегуянд, ки сатҳи таваррум дар Олмон чор моҳ аст, ки муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол коршиносон пешгўӣ мекунанд, ки Бонки марказии Аврупо ҳафтаи равон ҳаҷми баҳраҳои маблағро коҳиш медиҳад. Дар Таиланд пули мошингузар фурў рафт Душанбе, 3 май .(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти «Kayhannews.ir» теъдоди қурбониёни ҳодисаи фурўравии пули мошингузар дар Таиланд ба 5 тан расида, 20 каси дигар захмӣ шуда, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки ҳодиса соати 4-бегоҳи рӯзи чоршанбе 100 километр дуртар аз пойтахти кишвар- шаҳри Бангкок ба амал омадааст. Пули мазкурро чанд сол қабл сохта буданд. Коршиносони соҳаи сохтмони кишвар мегӯянд, ки бо сабаби паст будани сифати масолеҳи сохтмонӣ хароб гардидани кӯпрук аз эҳтимол дур нест. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






