Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар»). – Баъди истефои Владислав Сурков вазифаи роҳбари дастгоҳи ҳукумати Федератсияи Русияро муваққатан муовини аввали роҳбари дастгоҳ Сергей Приходко иҷро мекунад. Дастурро дар ин бора раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев имзо кардааст. хххСуди Олии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея сабаби ҳукмеро, ки ҳафтаи гузашта нисбат ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Бэй Чжу Хао бароварда шуда буд, тавзеҳ дод. Бэй Чжу Хао ба ҷурми фаъолияти вайронкоронаю тарғиботӣ бо мақсади сарнагун сохтани ҳукумати ҷумҳурии халқӣ ба муддати 15 сол барои иҷрои корҳои маҷбурӣ ҳукм шудааст.хххТеъдоди ҳалокшудагон бар асари фурӯъ рафтани бинои 8 – ошёнаи шаҳри Савари Бангладеш беш аз 1000 нафарро ташкил дод. Дар натиҷаи иҷрои корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ беш аз 2400 нафар наҷот ёфтааст. Шумораи аниқи нафароне, ки ҳангоми рух додани вазъияти фавқулодда дар дохили бино қарор доштанд, ҳанӯз муайян карда нашудааст.хххДар Яман ду нафар шаҳрвандони Финляндия ва як нафар шаҳрванди Австрия, ки онҳоро соли гузашта силоҳбадастон гаравгон гирифта буданд, озод карда шуданд. Вазъи саломатии ҳар сеи онҳо мӯътадил буда, барои расонидани ёрии тиббӣ ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Вена бурда шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






