Дар пойтахт даҳаи ҷавонон гузаронида мешавад

Май 2, 2013 14:54

Душанбе, 2 май.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидова).-Аз 14 то 23 май дар пойтахт –шаҳри Душанбе даҳаи ҷавонон гузаронида мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд.  Даҳаи ҷавонон дар пойтахт дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон гузаронида шуда, ҳадафаш татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди ғоявию фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ истиқбол намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аст. Дар робита ба ин нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи шаҳрдорӣ тасдиқ шудааст, ки тибқи он аз тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ хоҳиш шудааст, ки барои муташаккилона сафарбар намудани ҷавонон ба маъракаи ободонӣ, тозагии муҳити зист ва ҷойҳои истироҳативу ҷамъиятӣ рӯзҳои ҳашари умумишаҳрии ҷавонони шаҳри Душанберо ташкил намоянд. Инчунин раисони чор ноҳияи пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани маъракаҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиширо дар боғҳои Дӯстии халқҳо, Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав аз соати 18 00 то 20 00 рӯзи 23 май доир намоянд.

Май 2, 2013 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш