Э. Раҳмон: «Вазифаи шумо ҳарчи бештар омӯхтани донишҳои замонавист»
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард. Дар даромадгоҳи ин муассисаи таълимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро муҳассилин бо хушнудӣ ва шеърхониву кафкӯбиҳои зиёд истиқбол намуданд. Нахуст, Президенти кишвар аз якчанд синфхонаҳои ин муассисаи таълимӣ дидан намуда, бо хонандагони он аз надик суҳбат орост. Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз Маркази тестии литсей-интернат бо шароити ин марказ аз наздид ошно гардида, ба толибилмон ҷиҳати аз худ кардани ҳар чи бештари донишҳои замонавӣ маслиҳатҳо дод. Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар ин марказ тамоми шароитҳои таҳсил муҳайё буда, бо истифода аз технологияи муоосири мавҷуда муҳассилин метавонанд дар баробари истифода аз шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва мутолиаи китобҳои электронӣ, инчунин дар олимпиадаҳо байналмилалии фосилавӣ ширкат варзанд. Сарвари давлат дар маҳфили илмию математикии хонандагони литсей иштирок намуда, таъкидан иброз дошт, ки бояд хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ диққати ҳамаҷониба диҳанд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони касбӣ ба воя расида, ҷиҳати эъмори давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон саҳм бигиранд. Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаи забони модарии литсей- интернат дидан намуда, муҳассилинро ба омӯзиши ҷиддӣ, эҳтиром ва бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин Президенти кишвар аз толори варзишӣ, толори «Ғунчаҳои литсей», синфхонаҳои физика, химия ва биология ва утоқҳои «Дастони моҳир», ки дар он намунаи дастовардҳои толибилмони литсей- интернат ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуд. Дар охир Сарвари давлат дар ҳузури муҳассилин, устодон ва хонандагони литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, хонандагонро ба касби илмҳои замона, омӯзиши зобнҳои хориҷӣ ва одобу ахлоқи намуна ҳидоят намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






