Хати худгард роҳандозӣ шуд
Душанбе, 2 май (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Имрўз дар фурудгоҳи Душанбе хати худгарди системаи сабти номи мусофирон роҳандозӣ шуд. Тавре ки пештар хабар додем, нимаи дуюми соли 2012 системаи нави сабти номи мусофирон мутобиқи талаботи Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) насб шуд. Системаи нави сабти ном аз ду таҷҳизоти пуриқтидори Рапискан ва тасмаҳои худгард иборат буда, тамоми раванди кор автоматист. Бағоҷи мусофир аз нуқтаи «А» то нуқтаи «Б» аз тариқи дастгоҳҳои назоратӣ мавриди таҳқиқ ва санҷиш қарор гирифта, ҳаракат мекунад. Дар сурати пайдо гардидани шубҳа бағоҷ ба таҷҳизоти назоратии қавӣ меравад ва ҳангоми зери шубҳа қарор гирифтани бағоҷ таҷҳизоти назоратӣ бағоҷро ба мавзеи назорати дастӣ интиқол медиҳад ва бағоҷи шубҳанок дар ҳузури соҳиби бағоч, намояндагони фурудгоҳ ва корманди хадамоти гумрук аз назар гузаронида мешавад. Барои назорат ва роҳандозии системаи мазкур, ки хеле мураккаб аст, ширкати Рапискан ба кормандони фурудгоҳ ва гумрукчиён курсҳои омўзишӣ ташкил намуд. Имрўз дар ҳузури намояндагони ҳамаи сохторҳои қудратии фурудгоҳ хати худгард роҳандозӣ шуд. Намояндагони хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, ШКД назди фурудгоҳ ва Сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт раванди кори системаи навро назорат намуданд. Бо роҳандозӣ шудани хати худгард ва назорати автоматӣ мушкили мусофирон ва кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳ осон гардида, амнияти парвозҳо таъмин мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуоти «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






