Хатлон пешоҳанги гузариш ба низоми «Ҳукумати электронӣ»

Май 21, 2013 09:30

Қурғонтеппа, 21 май. (АМИТ »Ховар», Мурод Сотиев).-Дар марҳалаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013)   Рўзҳои 18-19 майи соли 2013 дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, роҳбари Маркази иттилоотию техникии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати хизматӣ давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва масъулини барномаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифии барнома ва семинари омўзишӣ гузаронида шуд.Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар семинар ба истифодабарандагони барнома аз шаҳру ноҳияҳои вилоят компютер ва флеш — модемҳоро супорид. Барномаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки ба ҷойи хароҷоти зиёди қоғаз ва вақт гардиши электронии (ғайриқоғазии) ҳуҷҷатҳо ба роҳ монда шуда, супоришҳо фавран ба иҷрокунандагон расонида шаванд ва муҳлати иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор гирад. Муаллифи барнома инчунин таъкид намуд, ки бо чунин усул минбаъд робитаи доимии навории байни марказ бо шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавриди зарурӣ барқарор гардида, барнома масъалаҳои ба ҳам алоқаманд намудани ҳамкориҳоро дар дохили худи сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ аз рўи ҳуҷҷатгузории электронӣ (ғайриқоғазӣ), инчунин таъмини иҷрои аксари вазифаҳои идораи давлатӣ, ки ба ҳамкориҳои тарафайни дастгоҳи давлатӣ бо дигар субъектҳо дар асоси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ равона шудааст, дар бар мегирад.

Май 21, 2013 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст