Хатлон пешоҳанги гузариш ба низоми «Ҳукумати электронӣ»
Қурғонтеппа, 21 май. (АМИТ »Ховар», Мурод Сотиев).-Дар марҳалаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013) Рўзҳои 18-19 майи соли 2013 дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, роҳбари Маркази иттилоотию техникии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати хизматӣ давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва масъулини барномаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифии барнома ва семинари омўзишӣ гузаронида шуд.Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар семинар ба истифодабарандагони барнома аз шаҳру ноҳияҳои вилоят компютер ва флеш — модемҳоро супорид. Барномаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки ба ҷойи хароҷоти зиёди қоғаз ва вақт гардиши электронии (ғайриқоғазии) ҳуҷҷатҳо ба роҳ монда шуда, супоришҳо фавран ба иҷрокунандагон расонида шаванд ва муҳлати иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор гирад. Муаллифи барнома инчунин таъкид намуд, ки бо чунин усул минбаъд робитаи доимии навории байни марказ бо шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавриди зарурӣ барқарор гардида, барнома масъалаҳои ба ҳам алоқаманд намудани ҳамкориҳоро дар дохили худи сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ аз рўи ҳуҷҷатгузории электронӣ (ғайриқоғазӣ), инчунин таъмини иҷрои аксари вазифаҳои идораи давлатӣ, ки ба ҳамкориҳои тарафайни дастгоҳи давлатӣ бо дигар субъектҳо дар асоси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ равона шудааст, дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






