Хоҷагидории биологӣ ба танзим дароварда мешавад

Май 13, 2013 15:38

Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав- «Дар бораи хоҷагидории биологӣ» -ро қабул хоҳад кард.  Лоиҳаи қонуни мазкур 13 май зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Лоиҳаи қонун «Дар бораи хоҷагидории биологӣ» аз 15 боб ва 15 модда иборат буда, бо мақсади тавъам намудани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти экологӣ ва дар ҳамбастагӣ мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия гардидааст. Муқаррароти қонуни мазкур ба муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла истеҳсол, коркард, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, борпечонӣ, фурӯш, воридот ва сертификатонии маҳсулоти биологӣ алоқаманд аст. Вакилони Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Олимҷон Сафаров ва Маҳмадамин Ҳисориев муаллифони лоиҳаи қонун мебошанд.

Май 13, 2013 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш