«Худованд дар паноҳи шумо бошад!»

Май 3, 2013 17:38

Дидгоҳи узви ҳизб«Худованд дар паноҳи шумо бошад!»Ба гуфтор ва мавқеи вакили мардумӣ Суҳроб Шарифов аҷабам меоядЧанд мудат пеш мо шоҳиди маъракае будем, ки онро Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба муносибати ба ном «40- солагии таъсисёбиаш» роҳандозӣ карда буд. Дар ин давра майдатарин падида ва ё мушкилотро дар зимни интиқоди фаъолиятҳои ҳукумат барои имиҷ ва обрӯ сохтан ба манфиати худ истифода мекарданд. Саҳифаҳои зиёди таърихро варақ зада кофтам, вале дар ин маврид далелу арқоми қотеъ наёфтам. Ҳатто худи барандаи ҷашни мазкур ҳини риштаи суханро ба вакили парлумони Тоҷикистон Суҳроб Шарифов манзур намудан эълом дошт, ки «дар оғоз ин ташкилот ба ҳайси як Ҳаракати ҷавонон рӯи саҳна омада буд». Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, ки яке аз асосгузорони ин Ҳаракат дониста мешавад, мегӯяд, «ҳадафи Ҳаракати мо аз аввал маърифатӣ буд. Мо намедонистем, ки он паёмад ҳам дорад». Ошно сохтани мардум бо фарҳанги исломӣ, мубориза зидди хурофот ва шикастани сукути муллоҳо аз нақшаҳое будааст, ки ин Ҳаракат бояд амалӣ мегардондааст.Ҳисобу китоби таърихи ҳар кадом ҳизбу ҳаракат аз ҳамон рӯзе воқеӣ ва қонунӣ шумурда мешавад, ки дар мақомоти адлия ба таври расмӣ сабти ном шуда бошад. Таърихшиносон бар ин назаранд, ки таърихи ҲНИТ бояд аз соли 1991 аз рӯзи сабти номаш дар вазорати адлия оғоз дошта бошад. Аммо ҳадафи ман чизи дигар аст, ки як нафар корманди масъули ҳукумати қонунгузор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, доктори илми сиёсатшиносӣ Суҳроб Шарифов низ ҳақиқати таърихро як сӯ гузошта, дар чорабинии ҳизб иштирок мекунад ва зимни суханрониаш 40-солагии онро шодбош мегӯяд. Гузашта аз ин Ҳизби наҳзати исломро «ҳизби созандаи миллат ва давлат» муаррифӣ мекунад, дар ҳоле, ки барои ободию осудагии мардум ва мамлакат кори қобили мулоҳизаеро анҷом надодааст. Ягона коре, ки ин ҳизб иҷро мекунад, аз тариқи васоити ахбори омма беасос танқид намудани ҳукумату давлати Тоҷикистон аст.Дар ҷои дигар Суҳроб Шарифов таъкид менамояд, ки гӯё ин ҳизб бо «идеологияи сифатан дигар ба майдон омадааст». Ҳол он ки барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин ҳизб зери парчами ислом (номи исломро ба номи ҳизб ҳамроҳ намуда), чӣ гуна идеологияро пайгирӣ мекунад ва дастурҳои кадом гуруҳу хоҷаҳои хориҷиашонро пазируфта, амалӣ мегардонад.Вакили мардумӣ аз «ҳастии дуру дарози ин ҳизб» ба эҳсосу ваҷд омада, тавсиф мекунад, ки ин ташкилот бо воқеияти рӯи саҳнаи сиёсӣ қарор гирифтанаш дар бадани ҷомеа мисли «хуни тоза, чакраи оби тоза» пайдо шудааст. Ва дар ниҳоят ба Ҳизби наҳзати ислом барору комёбӣ хоста дуо медиҳад, ки «Худованд дар паноҳи шумо бошад!». Ё тавба, ин гапу корро бинед, ки то ин вақт ҳамаи мо дар паноҳи Худо будему ҷаноби Суҳроб Шарифов Худовандро дар паноҳи наҳзатиҳо месупорад.Ман барои иштирок ва ҳузур доштани вакили мардумӣ ва шахсияти варзида С. Шарифов дар чорабинии ҷашнии ҲНИТ мухолифат надорам, балки ин кори хусусии ӯст, вале барои надонистани таърихи як ҳизб, ки 40-умин солгарди онро ҳеҷ кадоме аз таърихнигорони маълум қабул надоранд ва аз гуфтаҳои як нафар узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои ҳақиқату адолат, кору амали ростин талош меварзаду умеду ормони ҳар кадом аъзои ҳизбро ифода менамояд, аҷабам меояд. Аъзои ҳизб ва мардуме, ки барои вакил интихоб шудани Суҳроб Шарифов ӯро пешбарӣ намуда, овози худро додаанд, ба ин воқеият чӣ мегуфта бошанд?!Солеҳҷон Султонов,узви ҲХДТ

Май 3, 2013 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд