Изҳороти матбуотии Сарвазири ҶТ Оқил Оқилов дар нишасти матбуотӣ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип пас аз иҷрои мулоқот дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма изҳорот доданд. Оқил Оқилов ташрифи Сарвазири Ҷумҳурии Эстония ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба Душанбе шодбош гуфта, чунин ибрози назар намуд: «Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, хонумон ва ҷанобон.Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Эстония ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Тоҷикистон- ин идомаи мантиқии муколамаи пайвастаи байни ду кишвари дӯст аст, ки дар солҳои охир ба таври бемайлон густариш меёбад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки маҳз дар натиҷаи ин муколама робитаҳои дӯстонаи ба ҳар ду ҷониб судманди Тоҷикистону Эстония фазои нав касб карда, барои нафъи ду кишвар густариш хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаи ин музокирот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор гардид, қаноатманд мебошад. Мо ҳамкориҳои кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байни ду кишварро муҳокима намудем. Ҳамчунин зимни мулоқот як силсила масоили байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро мавриди баррасӣ қарор додем. Зимни баррасии ҳамкориҳои дуҷониба зикр шуд, ки бояд барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд аз имконот ва захираҳои мавҷуда дар соҳаҳои мухталиф истифода шавад. Дар музокирот тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук ва коркардшаванда, бахши аграрӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамчунин таваҷҷуҳи бештар дар мавриди афзун намудани гардиши мол миёни ду кишвар зоҳир гардид ва ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро дар мавриди истифода аз таҷрибаи муваффақи Эстония дар бахши технологияи информатсионӣ ва интернетӣ баён намуд. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро дар мавриди густариши равобити фарҳангӣ- гуманитарӣ, ки аз бахшҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ду кишвар маҳсуб меёбад, баён намуданд. Аснои баррасии масоили минтақавию ҷаҳонӣ мо ҳайати Эстонияро бо ибтикорот ва талошҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя ва барқарории амну субот дар он шинос намудем. Ҳамчунин ҳайати Эстония бо як силсила нақшаву барномаҳои Тоҷикистон, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар таҳия гардидаву дар навбати худ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд, шинос гардиданд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба талош варзанд» .








Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






