Конфронси химикҳо дар ДДОТ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тибқи анъана ҳар сол якшанбеи охири моҳи май ҳамчун иди касбии химикон таҷлил мегардад. 23-юми майи соли равон бо ташаббуси садорати факултаи химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ширкати меҳмонон аз макотиби олии пойтахт ва устодону донишҷӯёни факултаи мазкур бахшида ба ин ҷашн ҷамъомади бошукуҳ баргузор шуд.Тавре ки котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Тоир Гулов доир ба таърихи факултаи химия маълумоти мухтасар ироа кард. Дар такя бар гуфтаи мавсуф, замони пеш факултаи химия дар сохтори факултаи география амал менамуд ва дар он 1230 нафар таҳсил мекарданд. Сипас, талаботи рӯзафзуни ҷомеаро ба инобат гирифта, факултаи мазкурро ба 3 факулта: география, химия ва биология тақсим намуданд. Имрӯз бо ифтихор ва итминон метавон гуфт, ки кулли устодони факулта дастпарварони худи ҳамин факулта ҳастанд ва умед бар он мебандам, ки ин анъана минбаъд низ идома хоҳад ёфт.Дар идомаи ҷамъомад мушовири ректор, профессор, устоди факултаи химия С.Бандаев, ки собиқаи калони корӣ дар факултаи мазкурро дорад ва яке аз асосгузорони факулта низ маҳсуб меёбад, пиромуни таърихи ҷашнгирии Рӯзи химикон сухан гуфт.Декани факулта С.Алимов ба донишҷӯёни фаъол ифтихорнома супурд. Дар қисмати дуюми ҷамъомад чанд нафар донишҷӯи факултаи химия таҷрибаҳои шавқовари химиявиро намоиш доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






