Курси омӯзишӣ барои кормандони полиси афғон
Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар»).- Дар Маркази миллии таълимӣ оид ба кинологӣ бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ва бо дастгирии Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҶТ аввалин курси омӯзишӣ барои кормандони мақомоти зиддимухаддиротии ҶИА кори худро оғоз намуд.Бо мақсади такмили ихтисоси кормандони полиси афғон, дар доираи аҳдҳои басташудаи байни АНМН ва Агентӣ оид ба ҷинояткории муташаккили Британияи Кабир (SOCA), 1 майи соли 2013 ҳайати кормандони полиси афғон иборат аз 13 нафар ба Душанбе омад. 2 май дар марказ маросими кушоиши курси таълимӣ баргузор гардид.Муовини аввали директори АНМН Вайсиддин Азаматов омодагии агентиро дар дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои такмили ихтисоси мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи идораҳои ватанӣ ва ҳам кормандони зиддимухаддиротии хориҷӣ зикр намуд. В. Азаматов аҳамияти гузаронидани чунин курсҳоро барои беҳтар намудани натиҷаи мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Афғонистон зикр намуд ва умедвории худро оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор намуд.Тренинг аз ҷониби мутахассисони SOCA гузаронида хоҳад шуд. Машғулиятҳо аз масъалаҳои мубориза бо фурӯши маводи мухаддир, банақшагирӣ ва гузаронидани тафтишот ва чорабиниҳои фаврие, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманданд, инчунин аз машғулиятҳои амалӣ иборат мебошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






