М. Маҳмадаминов бо хатмкунандагони риштаи кори иҷтимоӣ мулоқот намуд

Май 2, 2013 08:18

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).- 30-юми апрел дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир бо 22 нафар нахустин хатмкунандагони кафедраи «Кори иҷтимоӣ»-и факултаи фалсафаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот декани факултаи фалсафа, мудири кафедраи кори иҷтимоӣ ва устодони кафедро иштирок доштанд. Мақсади вохӯрӣ ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ҷиҳати фаъолият дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, инчунин пешниҳод намудани ҷойи кор дар сохторҳои системаи вазорат ва муассисаҳои он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, самаранокии дар амал ҷорӣ намудани ин сиёсат ва қонунгузории соҳа ба малака ва таҷрибаи корӣ ва пеш аз ҳама ба тайёрии касбӣ ва тахассус кормандон вобаста мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ихтисоси кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2007 ба реестри тахассусҳои олии касбӣ дохил карда шуда, соли 2008 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи иқтисод ва идора ихтисоси кори иҷтимоӣ ташкил карда шуда буд. Баъдан бо талошҳои олимону устодон ва раёсати Донишгоҳ кафедраи кори иҷтимоӣ асос гузошта шуд. Тибқи як шартнома аз 22-юми октябри соли 2012, ки байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд, донишҷӯёни кафедраи мазкур тавонистанд таҷрибаомӯзии худро дар вазорт ба роҳ монанд. Ба қавли масхулини вазорт мақсад аз ин иқдом омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳа мебошад.

Май 2, 2013 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст