Машқҳои тактикӣ дар ВМКБ

Май 7, 2013 13:15

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Аз 4 май дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки ҷузъу томи гарнизони ҳарбии вилоят машқҳои тактикӣ таҳти унвони «Ҳифз — 2013» идома доранд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар машқҳо роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон ва ҷузъу томи гарнизони ҳарбии он иштирок доранд.Дар машқҳо намудҳои мухталифи аслиҳаи оташфишонӣ, чархболҳои ҳарбию нақлиётӣ, техникаи зиреҳпӯш ва тӯпҳо истифода мешаванд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, мақсад аз машқҳои тактикӣ баланд бардоштани сатҳи қобилияти ҷангии гарнизони ҳарбии вилоят, танзими фаъолияти мақомоти қудратӣ дар мавриди рух додани хавфу хатар ва ғайра мебошад.Машқҳо таҳти фармондиҳии сардори ситоди Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров дар се давра сурат гирифта ва 19 май анҷом меёбанд.

Май 7, 2013 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш