Масъулияти судяҳо баланд бардошта шуд
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуд. «Ҳадафи тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматияшон мебошад», гуфт зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ Шерхон Салимзода –Прокурори генералии ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумони мамлакат. Мавсуф зикр кард, ки ба моддаи 9-и лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Тибқи он парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбат ба судяҳо танҳо аз ҷониби Прокурори генералӣ оғоз шуда, ин парвандаҳо танҳо аз тарафи Суди Олӣ баррасӣ мешаванд. Ба ҳамин монанд татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ ва ҳабси хонагӣ, гузаронидани дигар амалҳои тафтишотӣ нисбат ба судя, ки ҳуқуқу озодиҳои онро халалдор месозад, бо розигии Прокурори генералӣ ва иҷозати Суди Олӣ сурат мегирад. Инчунин қисмҳои 8-9-10 ва 11 аз моддаи 9-и қонуни мазкур хориҷ мешавад. Ин ба талаботи Конститутсия низ, ки ба судяҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ додааст, мутобиқат мекунад. Яъне дахлнопазирии судяҳо аз қонун пурра бардошта намешавад, афзуд Прокурори генералии ҷумҳурӣ. Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулияти судяҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо аз тарафи онҳо масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо низ ба талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мувофиқ кунонида мешавад. Аз ин рӯ қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 119, ки асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судяҳоро танзим мекунад, хориҷ карда мешавад. Қаблан дар ин модда гуфта мешуд, ки судяҳо барои бекор кардани ҳукм, ҳалнома ва дигар санадҳои судӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида намешаванд, яъне масъулият надорад, ин аз байн бардошта мешавад, ки он масъулияти судяҳоро баланд мебардорад. Шерхон Салимзода зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти пешрафти ҷомеа саривақтӣ ва зарурӣ аст. Он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ироа гардидааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






