Медали биринҷии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бозиҳои Делфӣ-2013

Май 29, 2013 09:48

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Чанде пеш дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Бозиҳои Делфӣ бо иштироки ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар чорабинӣ 2437 иштирокчӣ аз 21 кишвари олам, ки аз 28 номгӯй иборат буд, иштирок намуданд. Чорабиниро 500 ихтиёриён ва 145 аъзои доварон намояндагӣ карданд.Маросими кушодашавии Бозиҳои байналмилалии Делфӣ-2013 бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки беш аз 7000 нафар тамошобинон ин намоишро мушоҳида карданд. Мизбони ин чорабинии байналмилалӣ ҳукумати вилояти Новосибирски Федератсияи Русия 28 майдончаи номинатсияҳоро дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи чорабинӣ омода намуда, дар баргузор шудани он шароити мусоидро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро гуруҳи наврасон ва ҷавонон дар 6 номгӯй, аз ҷумла: санъати тасвирӣ, косибӣ, сурудҳои эстрадӣ, сурудҳои халқӣ, тарроҳи либос ва сирк муаррифӣ намуданд. Хушбахтона, дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон як медали биринҷиро аз номгӯйи сирк бо иштироки намояндагони он Бахтиёр Иззатуллоев, Манижа Ҳанифова ва Мадина Назарова ба даст оварданд. Инчунин дар номгӯйи тарроҳи либос — Нигина Тошматова, дар номгӯйи сурудҳои эстрадӣ – Бахтовар Маҳмудов, дар санъати тасвирӣ – Беҳзод Боймуродов ва дар косибӣ – Обидҷон Бобомуродов сазовори дипломи Бозиҳои Делфӣ – 2013 гардиданд.Чорабинии мазкур ҳамчун Форуми олии ҳунар барои рушди фарҳангҳои миллӣ, афзоиши мероси фарҳангӣ, муколамаи байни фарҳангии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии наврасон ва ҷавонон равона шудааст. Маҳз бо дастгирии Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Студияи сирки давлатии Тоҷикистон ҳайати 12 нафараи Тоҷикистон тавонистанд дар ин форуми олии ҳунар кишвари азизамонро муаррифӣ намоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ-2013, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Амиров иттилоъ дод.

Май 29, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид