МН ба се лоиҳаи қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид месозад
Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба се лоиҳаи қонунҳои конститутсионии кишвар – лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд. Масъалаҳои мазкурро 13 май аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи хатарҳои соҳаи кишоварзӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» матраҳ гардиданд. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намяондагон инчунин Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро муҳокима намуданд. Бархе аз масъалаҳо барои муҳокима ва такмил ба кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигар ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳод гардиданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






