Муҳаммадаюб- беҳтарин ҳофизи Куръони карим
Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муҳаммадаюби Абдураҳими 14 сола, ки толибилми синфи 6-и мактаби таҳсилоти умумии № 4-и ноҳияи Ашт аст, дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон ба зикри оят, сура ва саҳифа ғолиби зинаи аввал дониста шуда, соҳиби 1000 $ гардид. Дар ҳамин ришта Лутфулло Холиқов /Фархор/ ва Саидмеъроҷиддин Алиев /Ҳисор/ ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб карда, бо 800 ва 700 $ сарфароз гардонида шуданд. Дар риштаи дуввум ҳифзи кулли Қуръон бо тафсири се пора 28-29 ва 30 Абдулботин Шарифов /Ҳисор/ зинаи аввалро соҳиб гардида, бо 800 $ сарфароз гашта, зинаи дуюми ин ришта бо 600 $ насиби Комрони Шариф /Кӯлоб/ гардида, Абдурауфи Абдулмуъмин /Сарбанд/ зинаи сеюми риштаро касб кард ва 500 $ мукофот гирифт. Дар маҷмуъ, ба тамоми ғолибони риштаҳои озмуни ҷумҳуриявӣ ба маблағи 8 000 $, ки аз ҷониби «Ҳайати оламии ҳифз ва қироати Қуръони карим» ҷудо шудааст, тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам –Абуҳанифа бо дастгирии сомонаи «Нун аз барои Қуръон ва илмҳояш» ва «Ҳайати оламии ҳифз ва қироати карим» рӯзҳои 10-11 май дар Душанбе дар панҷ ришта доир гардид. Дар озмун наврасону ҷавонони то синни 25 аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, ба тамоми иштирокдорон ва доварони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун ифтихорномаҳо супорида шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






