Муаррифгарони синамои тоҷик дар «Кинотавр»

Май 23, 2013 10:24

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Филми «Дар интизори баҳр»-и коргардони маъруфи синамои тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар синамобазми XXIV-уми «Кинотавр», ки моҳи июн дар Сочии Русия баргузор мешавад, иштирок мекунад.  Ин хабарро сомонаи расмии ин синамобазм пахш карда, ҳамчунин дар он гуфта мешавад, ки имсол дар кинофестивал 12-филми пурраметраж ва 21-филми кӯтоҳметраж намоиш дода мешавад.Филмҳои қаблии Бахтиёр Худойназаров, амсоли «Бародар», «Қош ба қош», «Падари маҳтобӣ» дар арсаи байналмилалӣ маъруф ва ҷавоизи зиёдеро ҳам соҳиб шуда буданд. Ҳамчунин дар бахши филмҳои кӯтоҳметражи ин синамобазм коргардони ҷавони тоҷик Рустам Шоазимов низ бо филми «Хорсаро» иштирок хоҳад кард.

Май 23, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш