Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири молияи Кувейт

Май 2, 2013 11:27

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувейт Зубайдулло Зубайдов бо аъзои ҳайати Комиссияи байниҳукуматии Кувейт бо роҳбарии муовини вазири молияи ин кишвар Халиф Мусоид Ҳамад мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаи марбут ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Комиссияи якуми байниҳукуматии Тоҷикистону Кувейт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 2, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш