Муроҷиатномаи Хадамоти муҳоҷират

Май 31, 2013 11:40

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҳангоми сафар намудан ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳатман бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар намоянд. Ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ аз соли 2006 инҷониб сафар кардан бо шиносномаҳои дохилӣ ба кишвари Қазоқистон манъ шудааст. Бояд тазаккур дод, ки яке аз масъалаҳои мубрами рўз ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ буда, инчунин ба онҳо дастрас намудани маводи иттилоотӣ оид ба тартиби барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти корӣ ва будубош дар хориҷи кишвар мебошад. Аз ин рў, хоҳишмандем шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми сафар ба ин кишвар ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Май 31, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш