Муштарии 3 миллионуми «Вавилон» соҳиби «Hyundai» гардид

Май 11, 2013 11:47

Душанбе, 11 май. (АМИТ«Ховар», Сафоева Маҳина). Имрӯз, 11 майи соли 2013 Саодатбахт Султонмамадов, истиқоматкунандаи кӯчаи Ленини шаҳри Хоруғ, ки ҳамчун ҳамшираи шафқат дар Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» кӯдакони маъюбро нигоҳубин мекард, ба шабакаи «Вавилон-Мобайл» пайваста, муштарии 3 миллионуми ин ширкат гардид.  Дар маросими тантанавии ба ин муносибат доир шуда раиси Асотсиатсияи алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Иркаев, намояндаи ширкати «HUAWEI» дар Тоҷикистон Лю Цзян ва якчанд нафар меҳмонони дигар ширкат варзида, Саодатбахтро барои чунин саодати бахт табрик гуфтанд ва ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.  Директори генералии ширкати «Вавилон – Мобайл» Беҳзод Файзуллоев дар вазъи тантанавӣ Султонмамадова Саодатбахтро табрик гуфта, дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма ба ӯ калиди автомашинаи тамғаи «Hyundai Accent» ва сертификат барои 3 000 000 сонияҳои ройгонро тақдим намуд. 

Май 11, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш