Мусобиқаи шоҳмотбозон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар»). – Бо дастгирии Намояндагии Бунёди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» — и Русия дар Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва «Қасри ҷавонон» — и ба номи Лоиқ Шералӣ чанде пеш бахшида ба 68 – ӯмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи вилоятии шоҳмотбозон баргузор гардид, ки дар он собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаводорони шоҳмоти вилоят иштирок доштанд. Дар байни иштироккунандагони синнашон аз 60 болои мусобиқа Ҳусейнҷон Каримов мақоми аввалро касб намуда, ҷойи дуюм насиби Абдусамад Домуллоҷонов гардид. Ҳайдархон Бақоев ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ба ҳамаи иштироккунандагони мусобиқа аз ҷониби Намояндагии Бунёди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» — и Русия дар Тоҷикистон инъомҳои пурқимат тақдим шуданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Бунёди Русия ба собиқадорони ҷангу меҳнат сидқан беҳбудию тансиҳатиро орзу намуданд. Дар ҳошияи чорабиниҳо бахшида ба Ғалабаи бузург дар шаҳрҳои вилоят ҷамъомаду ҷаласаҳо доир карда мешаванд. Масалан, дар Китобхонаи бачагонаи вилоят вохӯрии собиқадорони ҷанг бо хонандагони шаҳри Хуҷанд доир гардида, намоишгоҳи суратҳо бахшида ба 68 – умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кушода шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






