Мусодираи навбатии маводи нашъаовар

Май 28, 2013 15:51

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони милисаи Тоҷикистон миқдори навбатии маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Назар ба хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, сокини шаҳри Кӯлоб Раҷабалӣ Тӯраеви 32 — сола бо гумонбари қочоқи маводи нашъаовар дастгир шуд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, ҳангоми тафтиши шахсии гумонбар беш аз 3 килограмм маводи нашъаовар пайдо ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Май 28, 2013 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст