Мувофиқаи номгӯи индикаторҳои ҳифзи хуқуқҳои кӯдак дар сатҳи миллӣ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Мувофиқаи номгӯи индикаторҳои ҳифзи хуқуқҳои кӯдак дар сатҳи миллӣ»- таҳти чунин унвон 4 майи соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (Исфара, Рашт ва Кӯлоб)-и кишвар баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен сухан гуфтанд. Сипас, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар мавзуъҳои «Раванди банақшагирӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ва ҷорӣ намудани номгӯи индикаторҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар барномаҳои рушди маҳаллӣ», «Номгӯи индикаторҳо барои ворид намудан ба системаи Devinfo» маърӯза намуданд. Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён атрофи мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






