Нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт

Май 24, 2013 15:34

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 23 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва ҳайати Давлати Кувайтро Халифа Мусаид ал-Ҳамада — муовини вазири молияи давлати Кувайт роҳбарӣ намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур муовини Сарвазири Давлати Кувайт Мустафо ал-Шимолӣ иштирок ва суханронӣ намуд.Дар ҷаласа масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, маориф, фарҳанг, соҳибкорӣ, рушд, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, саноат ва энергетика, геология, нафту газ, кишоварзӣ, тандурустӣ, ҷалби қувваи корӣ баррасӣ шудаанд.Д. Саидов иброз намуд, ки Тоҷикистону Қувайт дорои имкониятҳои баланди ҳамкорӣ мебошанд. Дар ин замина самаранок истифода бурдани имкониятҳо шароит фароҳам меоварад, ки сатҳи муносибатҳои тиҷорати иқтисодӣ баланд бурда шуда, лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак амалӣ шаванд.

Май 24, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш