Нашри «Заршохаҳои ишқ»-и Адиба бо ҳуруфи форсӣ

Май 22, 2013 11:50

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз бо иштироки аҳли адаб дар толори Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои кишвар маросими рӯнамои китоби “Заршохаҳои ишқ”-и шоираи ҷавон Адибаи Азиз, ки онро Дафтари фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Тоҷикистон бо ҳуруфи форсӣ нашр кардааст, баргузор мешавад.  Гуфта мешавад, ки Адиба дастпарвари факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, то имрӯз аз ӯ китобҳои шеъри «Сад барги ҳиҷрон» «Паррандаҳои қафасӣ» ва «Тулуъ дар бандар» ба дасти хонанда расидааст. Китоби «Заршохаҳои ишқ»-ро соли гузашта нашриёти «Адиб» бо хатти кириллӣ чоп карда буд.

Май 22, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш