Нигаронии шаҳрдорӣ аз вазъи риояи танзими расму оин

Май 8, 2013 15:13

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе зимни як ҷаласа аз вазъи риояи танзими расму оин дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст. Зикр шуд, ки мутаассифона, натиҷаи санҷишҳои муштараки бахшҳои танзими расму оин ва дигар мақомоти марбутаи шаҳрӣ собит месозанд, ки рӯзҳои охир зимни баргузории ҷашну маъракаҳо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон ва дигар хизматчиёни давлатӣ ба чашм мерасад. Аз ин рӯ шаҳрдории Душанбе дар ин самт мақомоти прокуратураи шаҳрро дастур додааст, ки баҳри таъмини иҷрои якхелаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва халалдор накардани оромии сокинон оид ба риояи регламенти шаҳр аз тарафи субъектҳои хизматрасонию фароғатӣ бидуни ягон хотирбинӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд. Дар ҷаласа ҳамзамон масоили таъмини волоияти қонун ҷиҳати истифодаи замин, беҳдошти вазъи хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ дар ташкилоту идораҳои шаҳрӣ матраҳ гаштанд. Инчунин масъалаи риояи фарҳанги ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи пойтахт ва омодагиҳои шаҳрдорӣ ба таҷлили ҷашни Ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ шуданд.

Май 8, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст