Нишасти хабарии АМСХМ ҶТ дар Душанбе
Душанбе,13 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- Рузи 15-уми май Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) натиҷаи думоҳаи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон аз тариқи таҷрибаи АМСХМ ҶТ»-ро дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷамъбаст мекунад.Дар ин бора аз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст дар нишасти мазкур коршиносони соҳа иштирок ва маърӯзаҳо оид ба натиҷаи лоҳхаи мазкур намоянд.Ёдрас мешавем, ки Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) аз моҳи март то моҳи майи соли ҷорӣ лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон аз тариқи таҷрибаи АМСХМ ҶТ»-ро амалӣ намуд. Лоиҳа аз ҷониби ташкилоти хайриявии ғайридавлатии OXFAM маблағгузорӣ шуд. Ҳадафи асосии лоиҳа дар имплементатсияи таҷрибаи АМСХМ ҶТ аз тариқи баланд бардоштани иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон дар самтҳои ташкилотӣ, тиҷоратӣ ва идора иборат мебошад.Дар амалӣ сохтани лоиҳа ассотсиатсия барои иштирок коршинос аз Қазоқистон ва инчунин тренерҳои касбии Тоҷикистонро ҷалб карда буд, ки ба саволҳои муҳим ва тамоюли муосири рушди иститутсионалии ташкилотҳои ҷаъмиятӣ, дурнамои тараққиёт ва устувории ояндаи онҳо инчунин рушди шахсияти ҳайати ҳамкорон рушанӣ андохтанд.Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ ва аъзоӣ буда, сохторҳои соҳибкориро ихтиёран муттаҳид мекунад. Аз соли 1993 дар сатҳи миллӣ фаъолият дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






