Низоми кредитӣ мушкилот пеш меоварад?

Май 22, 2013 15:14

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ташаббуси кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 21-уми майи соли равон конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Низоми кредитӣ: бартарият ва норасоиҳои он» доир шуд. Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар конфронс таҳлили психологию педагогии низоми кредитӣ, усулҳои навини таълиму тарбия дар низоми кредитӣ, мушкилиҳои омода намудани омӯзгорони оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ Ш.Маҳмудов дар мавзӯи «Таҳлили психологию педагогии раванди таълим дар низоми кредитӣ» зикр кард, ки бартарияти низоми кредитӣ дар он аст, ки барои дарсҳои амалӣ ва КМРУ (корҳои мустақилона бо роҳбарии устод) соати зиёд ҷудо шудааст. Бояд мутахассисе тайёр намоем, ки дар мамолики дигар низ фаъолият карда тавонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки усулҳои пешрафтаи таълимро ба роҳ монем. Сипас, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С.Расулов дар мавзӯи «Хусусиятҳои психологӣ-педагогии мутобиқшавии донишҷӯён ба низоми кредитӣ» маърӯза кард. Мавсуф таъкид дошт, ки бо вуҷуди афзалиятҳо низоми кредитии таҳсилот як силсила душвориро низ пешорӯи мутахассисон меоварад, ки аз ҷиҳати психологӣ муҳимтаринаш омода набудани донишҷӯён ва аксари устодон ба ин низом мебошад. Аз ин ҷиҳат, тавсия медиҳем, ки дар ҳар донишгоҳ курси махсус бо номи «Муқаддимаи низоми кредитии таҳсилот» ташкил шавад.Ба ақидаи Т.Саидова, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, барои таҳсил дар ин низом ҳар як донишҷӯро мебояд, ки технологияи муосирро хуб омӯзад. Дар конфронс, ки кори худро дар бахшҳо идома дод, 19 маърӯза шунида шуд.

Май 22, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш