Оғози чорабиниҳо оид ба ҳифзи кӯдакон
Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Давлатова).-Шуруъ аз имрӯз, 27-уми май дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи кӯдакону наврасон оғоз шуд Бахшида ба ин рӯз аз субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе маросими кушоиши Ҳафтаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар ҷамъомад кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.Баъди кушоиши ҳафтаи мазкур гуруҳи нозирони навраси ҳаракат дар роҳҳо бо роҳбаладии нозирони бозрасии автомобилӣ ба хиёбонҳои пойтахт баромада, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муроҷиатнома тақсим намуданд.Гуфта мешавад, ки масъулини баргузории чорабинии кӯдакону наврасон Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, бахши ҳуқуқии кӯдакон, Маркази кӯдакону наврасон ва Созмони талабагони шаҳр ба номи Исмоили Сомонӣ мебошанд.Ёдрас мешавем, ки чорабиниҳо бахшида ба рӯзи кӯдакону наврасон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудаанд.Ҳафтаи кӯдакону наврасон то 1-уми июн идома ёфта, дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъбаст мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






