Омӯзгорону мураббиён ба ҲХДТ шомил шуданд

Май 17, 2013 14:14

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён»-и ноҳияи Фирдавсӣ 60 -нафар омўзгорону мураббиёни ҷавон шомили ҲХДТ шуданд.  Дар ин бора сомонаи расмии ҳизб хабар дода афзудааст, ки омўзгорон ва мураббиёни ба узвияти ҳизб пазируфташударо ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Маорифчиён»— Анора Назришоева ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ табрик намуда, ба онҳо ботантана шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» дар байни ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар шомил шудан ба сафи ҳизб пешсаф аст.

Май 17, 2013 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид