Пирӯзиҳои занҳои ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Аз 1 то 4 майи соли 2013 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ шашумин Намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ» баргузор гардид ,ки дар намоишгоҳи мазкур аз 30 давлат 216 адад патент ба ихтироъ пешниҳод карда шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷониби Тоҷикистон 6 адад патент ба ихтироъ, ки муаллифонашон занҳои ихтироъкори тоҷик буданд, пешниҳод карда шуд. Аз ҷониби Комиссияи тадорукот ба ду адад патент ба ихтироъ дар соҳаи тиб (муаллифаш Боқиева Гулбаҳор) медали тилло, ба ду адад патент ба ихтироъ медали нуқра (муаллифаш Раҳимова Мубошира) дар соҳаи экология ва хоҷагии қишлоқ ва як адад патент ба ихтироъ дар соҳаи химия (муаллифаш Раҳимова Мубошира) дар соҳаи кимиё ва як адад патент ба ихтироъ муаллифаш (Мансурова Д) дар соҳаи механика супорида шуд. Инчунин аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба зан-ихтироъкори тоҷик Боқиева Гулбаҳор «Мукофоти махсус»-и Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ супорида шуд. Ин бори дуввум аст, ки бонувон-ихтироъкорони тоҷик дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷоизаҳои махсус мегарданд. Барои иштироки фаъолона дар 5-умин семинари байналмилалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» сардори шуъбаи феҳристҳои давлатии объектҳои моликияти саноатии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Абидова соҳиби «Сертификати байналмилалӣ» гардид. Намоишгоҳи байналмилалӣ бо дастгирии Идораи патентии Кореяи Ҷанубӣ ва Ассотсиатсияи занҳои ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор карда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






