Пирӯзии «Равшан» дар меҳмонӣ ба дастаи «Хайр»
Душанбе,23 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии мавқуфгузоштаи худ бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд ва ҳисоби холҳояшро бо дастаи «Истиқлол», ки бо 18 имтиёз дар садри ҷадвал аст, баробар намуд.Бозии мавқуфгузоштаи дастаи «Равшан» бо дастаи «Хайр» аз даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мебошад, ки шоми дирӯз, 22-юми май дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.Дар бозӣ голи ҳалкунандаи меҳмононро ҳамлагари даста Дэвид Мауто, аз кишвари Африқо ба нишон расонид ва ғалабаи дастаашро таъмин кард. Голи ягонаи меҳмононро Дэвид Мауто, легионери африқоии «Равшан» дар дақиқаи 63-юми нимаи дуввуми дидор вориди дарвозаи мизбонон намуд.Ҳамин тавр дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бо 18 имтиёзӣ дар садри аввалу дуюми ҷадвал ҷойгиранд. Дастаҳои «Регар- ТадАЗ»- и Турсунзода ва «Парвоз»-и Б Ғафуров бо 13 ва 10 имтиёзӣ дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






