Раиси Парлумон аз дастоварду мушкилоти Рашт воқиф гардид
Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту идораҳои минтақавию ноҳиявӣ ва сокинони он вохӯрда, доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ин минтақа ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Шукурҷон Зуҳуров Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони мамлакат рӯйдоди муҳими таърихӣ маънидод карда афзуд, ки дар Паём самтҳои асосии рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишварамон арзёбӣ гардида, дурнамои фаъолияти ин соҳаҳо тарҳрезӣ мешаванд.Дар вохӯрӣ инчунин дар бораи дастовард ва мушкилоти сокинони минтақаи Рашт, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ҷалби ҷавонон, хусусан духтарон ба таълим ва азхудкунии илмҳои муосир, иштироки фаъолона дар корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободии диёри хеш, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи муассир аз ҳар қитъа замин, истеҳсоли маҳсулоти сифатноки кишоварзӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Дар фарҷом миёни раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат бо сокинони ноҳия табодули афкор сурат гирифт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






