«Равшан» боз мағлуб шуд

Май 2, 2013 11:25

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). – Қаҳрамони ҳозираи Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб дар ҳошияи даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 вохӯрии охирини худро анҷом дод. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии даври шашум байни дастаҳои гурӯҳи «Д» дар варзишгоҳи «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» — и шаҳри Хуҷанд бозиро бо ҳисоби 1 бар 3 ба дастаи «Ал – Шорте» — и Сурия бохтанд. Ба ҳамин тариқ, дастаи «Равшан» дар ҳамаи шаш вохӯрӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё мағлуб шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 2, 2013 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш