Садриддин Айнӣ-маорифпарвари бузург

Май 3, 2013 10:47

Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултаи филологияи тоҷик бахшида ба 135-солагии фарзанди фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ конфронси илмию амалии ҷумҳурявӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки дар асри ХIХ аввалин маорифпарвар Аҳмади Дониш буда, устод Садриддин Айнӣ дар асри ХХ дар самти рушди маориф саҳми арзанда дорад. Устод Айнӣ шахсест, ки тамоми ҳаёту фаъолияти хешро баҳри маҳви бесаводӣ сарф кардааст. Ӯ яке аз нахустин асосгузорони мактаби ҷадидия мебошад.Дар конфронс ҳамчунин гуфта шуд, ки солҳои 1908-1910 бо ибтикори Айнӣ мактабҳо бо китобҳои «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон» ва «Заруриёти динӣ» таъмин гардиданд. Сипас донишҷӯён аз ашъори рангину ширини устод Айнӣ намунаҳо қироат намуданд.Қисми дуюми конфронс дар назди нимпайкараи устод Айнӣ, ки дар назди факултаи филологияи тоҷик воқеъ аст, баргузор шуд.

Май 3, 2013 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш